Харҷи бузурги Роналду барои коронавирус

Харҷи бузурги Роналду барои коронавирус

Ҳамлавари бошгоҳи "Ювентус" ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду ва вакилаш Ҷорҷ Мендеш ба сироятёфтагони вируси "короно" , ки дар беморхонаҳои Порту, Лиссабон ва дигар беморхонаҳо бистариянд, кӯмак расониданд, иттилоъ медиҳад Juve.FC.

Мувофиқи сарчашма маблағи хайриявӣ 1 млн € мебошад. Дар беморхонаи Порту барои дур кардани ин мушкили Роналду ору номус кард ва саҳми хешро гузошт. Ёдовар мешавем, ки Роналду ҳоло дар карантин қарор дошта, дар Португалия буду бош дорад. Инчунин дар ҳайати дастаи "Ювентус" то ин замон се футболбоз ба вируси COVID-19 мубтало гардидаанд.