“Хатлон” низ садди роҳи “Арал “ шуда натавонист

“Хатлон” низ садди роҳи “Арал “ шуда натавонист

Дастаи "Арал"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи А. Ҷомӣ дар бозии даври 5-уми Лигаи “Умед” миёни наврасони 17-сола бар тими "Хатлон"-и шаҳри Бохтар зафар ёфт. Вохӯрии дастаҳо ҷолиб сурат гирифт, ки соҳибони майдон бо ҳисоби 2:0 ғалаба намуданд. Бояд ёдовар шуд, ки то ҳол дар ин мусобиқа “Арал” ба шикаст рӯ ба рӯ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дастаи дигари наврасони 17- сола - «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар майдони худ тими «Саддам»-и шаҳри Левакантро бо ҳисоби калони 5:1 шикаст дод. Ҳамчунин, дар ин давр дастаи «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритуз ва «ПАхтакор»-и ноҳияи Қубодиён миёни ҳам рақобат намуданд, ки бозӣ бо ҳисоби мусовии 4:4 ҷамъбаст гардид.

Лигаи “Умед” (U-17). Даври панҷум

1. “Арал” - “Хатлон” 2:0

2. “Моҳир”- “Саддам” 5:1

3. “Чашма” - “Пахтакор” 4:4 

Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон