Хави: Ҳадафи асосии ман “Барселона” аст, аммо...

Хави: Ҳадафи асосии ман “Барселона” аст, аммо...

Собиқ футболбози дастаи “Барселона” ва сармураббии кунунии бошгоҳи “Ал – Садд” Хави вобаста ба эҳтимоли сармурабби таъйин гаштанаш дар дастаи “Барселона” ибрози андеша намуд.

“Ман ҳеҷгоҳ пинҳон намекунам, ки “Барселона” ин ҳадаф ва орзуи ман аст. Онҷо хонаи ман аст. Маконе, ки тамоми орзуҳои ман амали гаштаанд. Аммо ман ҳоло тамоми ҳастиямро барои дастаи “Ал-Сад” бахшида истодаам. Оид ба даъват шуданам ба “Барселона” чизе маълум нест. Бояд пеш аз ҳама сармураббии даста, Сетиенро эҳтиром кунам. Зери роҳбарии Сетиен “Барселона” гоҳо хуб бозӣ кард, вале баъзан наонқадар бозии хуб дошт. Бояд иқрор шавам, ки андешаҳои Сетиен бароям ҷолибанд. Бале, гоҳо ҳеҷчиз ба кор намеравад. Чунки рақибони даста садди амалишавии нақшаҳо мешаванд. Фикр мекунам кори Сетиен дар ин ин мавсим ҳамин тавр буд. Дар умум Сетиен бозии дастаро зеботар кард.” – Marca.