Хави ба роҳбарияти “Барселона” гуфт, ки ба Жоау Феликс умед надорад

Хабарнигори телевизиони El Chiringuito Хосе Алварес Ҳая мегӯяд, ҳамлагари "Барселона" Жоау Феликс пас аз анҷоми иҷора дар даста боқӣ намемонад.
Ба иттилои манбаъ, сармураббии дастаи “Барселона” - Хави ба раҳбарияти бошгоҳ гуфтааст, ки намехоҳад шартномаи иҷораро тамдид кунад ва ё шартномаи пурраро бо португалии 24-сола имзо кунад.
«Барселона» Феликсро дар равзанаи интиқоли тобистона аз “Атлетико Мадрид” ба иҷора гирифт. Ӯ дар ҳайати даста 22 бозӣ карда, ба задани 6 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст.