Хави дар 2 бозии оянда ба “Барселона” дар Ла Лига кӯмак карда наметавонад

Сармураббии бошгоҳи “Барселона” - Хави ба ду бозӣ маҳрум мешавад.
Рӯзи якшанбе, 17 –уми март, “Барселона” бозии даври 29-уми Ла Лигаро бо “Атлетико Мадрид” дар меҳмонӣ анҷом дод. Дар дақиқаи 41-ум Хави ба яке аз эпизодҳо, ки барои он аз довар Хосе Санчес Мартинес корти зард гирифт, бо эҳсосот вокуниш нишон дод. Мураббии «Барселона» баҳсро бо довар идома дод, ки барои ин ӯ бори дуюми зард ва сипас корти сурх гирифт.
Худи бозӣ бо ҳисоби 3:0 бо пирӯзии каталониҳо анҷом ёфт.
Хави метавонад дар бозиҳои Ла Лига бо “Лас Палмас” (30 март) ва “Кадис” (13 апрел) иштирок накунад.