Хави дар “Барселона” боқӣ мемонад, агар...

Дастаи «Барселона» ба идомаи ҳамкорӣ бо сармураббии феълии даста Хави манфиатдор аст, хабар медиҳад рӯзноманигор Фабритсио Романо.
Ба гуфтаи манбаъ, роҳбарияти тими каталони то ҳол ба созиш бо ягон мураббӣ наздик нест, зеро ба идомаи ҳамкориҳо бо Хави умед мебандад. Бошгоҳ мекӯшад, ки сармураббиро бовар кунонад, ки боқӣ монад.
Mundo Deportivo хабар медиҳад, ки Хави агар ӯ дар тим бимонад, тақвияти дастаро талаб мекунад. Барои он ки мураббӣ кори худро идома диҳад, ӯ бояд боварӣ дошта бошад, ки бошгоҳ барои гирифтани бозингарони зарурӣ маблағ дорад.
Мутахассиси испониёии 44-сола моҳи январ эълон карда буд, ки пас аз анҷоми мавсим “Барселона”-ро тарк мекунад. Хави каталонияҳоро аз моҳи ноябри соли 2021 роҳбарӣ мекунад.
Пас аз 30 бозӣ "Барселона" бо 67 имтиёз дар ҷадвали Ла Лигаи Испания дар ҷои дуюм қарор дорад ва аз "Реал Мадрид" 8 имтиёз камтар дорад. Бошгоҳ инчунин дар чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо бо “ПСЖ” бозӣ мекунад.