Хави дар Чемпионати Осиё боқӣ мемонад

Хави дар Чемпионати Осиё боқӣ мемонад

Бошгоҳи “Ал-Садд”-и кишвари Қатар дар сомонааш аз тамдиди шартнома бо коршиноси испанӣ – Хави хабар дод. Акнун Хави то охири мавсими 2020/2021 дар ин даста боқӣ хоҳад монд. Дар сарчашмаҳо хабар дода шудааст, ки дар сурати пешниҳод аз сӯи “Барселона” он гоҳ Хави роҳбарии ин дастаро ба зима хоҳад гирифт. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Хави пас аз анҷоми мавсим сармураббигии “Барселона”-ро ба ӯҳда хоҳад гирифт.