Хави дуюмин мураббии бадтарини “Барселона” дар 15 соли охир аст
Сармураббии феълии “Барселона” - Хави дуюмин бадтарин мураббии каталонияҳо аз рӯи фоизи ғалаба дар 15 соли охир мебошад. Дар ин бора рӯзноманигор Фран Мартинес дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Фоизи ғалабаи Хави ҳамчун сармураббии “Барселона” - 62,16% аст. Ҳатто мураббии собиқи тим - Энрике Сетйен дар 64% бозиҳои гузаронидашуда ғолиб омад. Аз рӯи ин нишондод Хави танҳо аз мураббии ҳолландӣ Роналд Куман (58,2%) пеш аст.
Пас аз 16 даври Ла Лига ҳоло «Барселона» бо 34 имтиёз дар ҷои чорум аст. Бошгоҳи каталони аз пешсафи мусобиқот тими «Жирона» 7 имтиёз камтар дорад.
Ёдовар мешавем, ки Хави моҳи ноябри соли 2021 сармураббии “Барселона” шуда буд. Хави бо дастаи “Барселона” то тобистони соли 2024 шартнома бастааст . Дар мавсими 2022/2023 дастаи “Барселона” таҳти роҳбарии мутахассиси 43-сола, қаҳрамони Испания ва инчунин барандаи Суперҷоми Испания шудааст