Хави Галан бозигари “Реал Сосйедад” шуд
Дифоъгари канори чап - Хави Галан аз дастаи «Атлетико» ба «Реал Сосйедад» ба иҷора равон карда шуд. Шартнома то охири мавсим ҳисоб карда мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти бошгоҳ.
Футболбози 29-солаи испаниягӣ дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати тими шаҳри Мадрид дар ҳама мусобиқаҳо 9 бозӣ анҷом додааст.
Галан инчунин таҷрибаи бозӣ дар “Кордоба”, “Уэска” ва “Селта” дорад.