Хайрандеш медали 4-уми Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 ба даст овард
Паҳлавони тоҷик Хайрандеш Муродзода дар рӯзи ҳафтуми Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 барои Тоҷикистон медали чаҳорумро ба даст овард. Ин аввали медали Тоҷикистон аз гӯштини кураш дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 маҳсуб мешавад.
Хайрандеш зери вазни то 66 кг баромад карда, дар даври аввал бар Ҷое Ҳеддад аз Лубнон музаффарият ба даст овард. Пас аз ин ғалаба Хайрандеш роҳхати даври чаҳорякниҳоиро соҳиб шуда, дар ин марҳила бар паҳлавони пурқуввати муғул Энхболд Энхтайван дастболо гардид.
Дар даври ниманиҳоӣ Хайрандеш бо Маҷид Воҳид Бариманлу аз Эрон қувваозмоӣ карда, мувоҷеҳи шикаст шуд ва ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт. Ин нишони дуюми биринҷии Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 аст.
Қаблан, медалҳои Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) нишони тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) нишони нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Ёдовар мешавем ,ки ба варзишгарони тоҷик, ки дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоу медали тилло мегиранд, ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, ба барандагони медали нуқра 100 000 сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад. Инчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра — дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ- манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 31 медал гирифтааст, ки 5-тоаш медали тилло, 7-то медали нуқра ва 19 адад медали биринҷӣ мебошад. Се медали тиллоро Дилшод Назаров аз гурзандозӣ, як медали тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва як адади дигарро Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини ҷудо ба даст овардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунанд.
