Хертек қасди бохти финали Тошкандро аз Акмалиддин гирифт
Имрӯз дар шаҳри Еревани Арманистон – Қаҳрамонии ҷаҳони самбо -2023 оғоз шуд. Тоҷикистонро дар рӯзи якуми мусобиқа Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов намояндагӣ доранд.
Паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кг бо Саян Хертеки рус маротибаи сеюм мубориза бурд, лек ин маротиб рақобати онҳо дар даври ниманиҳоӣ сурат гирифт. Қаблан Акмалиддин ва Хертек ду маротиба дар финали Қаҳрамонии ҷаҳони самбо бо ҳам вохӯрда буданд. Соли 2017 дар Сочи паҳлавони мо аз Хертек мағлуб шуда, соҳиби нишони нуқра шуд. Соли 2021 дар Тошканд паҳлавони мо Акмалиддин Каримов тавонист, ки бар Саян Хертек пирӯз шуда, соҳиби нишони тилло бигардад.
Ин маротиб Саян Хертек тавонист, ки аз худ дар ҷараёни рақобат ҳунару маҳорати воло нишон диҳад ва имтиёзҳои бештарро соҳиб шавад. Хертек тавонист, ки бо ҳисоби 8-0 муқобили Акмалиддин Каримов зафар ёбад.
Ҳамин тавр, Хертек ба финал роҳ ёфту, Акмалиддин барои нишони биринҷӣ бо ғолиби ҷуфти Ҷайеонг Шин аз Кореяи Ҷанубӣ ва Амин Муҳаммад аз Алҷазоир гӯштин мегирад.
Имрӯз Акмалиддин дар даври чаҳорякниҳоӣ аз садди роҳ Жассулан Наримонови қазоқро бо бартарии як имтиёз дур карда, ба даври ниманиҳоии Қаҳрамонии ҷаҳони самбо дар Ереван баромад.
Паҳлавони соҳибном ва серҷоизатарини тоҷик дар риштаи самбо - Акмалиддин Каримов рақобатҳоро дар даври аввал оғоз кард. Рақиби паҳлавони мо Кайрат Уулуи қирғиз буд. Қувваозмоии паҳлавонон бисёр шадид ҷараён гирифт. Нахуст шуда, паҳлавони қирғиз аз Акмалиддин имтиёз ситонид, лек дар идома паҳлавони мо тавонист, ки 10 имтиёз кор карда, натиҷаро 10-4 намояд ва бо усули буғӣ кардан, музаффарият ба даст биёрад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Акмалиддин аз садди роҳ Жассулан Наримонови қазоқро бо бартарии як имтиёз дур карда, ба даври ниманиҳоии Қаҳрамонии ҷаҳони самбо дар Ереван баромада ноком шуд.
Паҳлавони дигари тоҷик Хушқадам Хусравов дар вазни то 64 кг дар даври аввал рақобаро шуруъ намуд. Рақиби паҳлавони тоҷик аз кишвари Қирғизистон - Белек Бараканов буд. Тақдири ин муборизаро як огоҳӣ ҳал намуд. Паҳлавони мо Хушқадам Хусравов дар миёнаҳои рақобат як огоҳӣ гирифт ва ин боис шуд, ки пирӯзи насиби Белек Бараканов гардад. Хушқадам бошад, пас аз ин нокомӣ аз идомаи мусобиқа бенасиб шуд.
Қобили зикр аст, ки аз 10-ум то 12-уми ноябр шаҳри Еревани Арманистон мизбони Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо мешавад. Барои ширкат дар ин мусобиқаи муҳими сол варзишгарон аз 65 давлат дархост дода, тибқи қарори Федератсияи байналмилалии самбо, варзишгарони Беларус, Русия, Фаронса ва паноҳандагон дар ҳайати тими бетараф сабқат мекунанд.
Ситоди мураббиёни Федератсияи самбои Тоҷикистон, тими мунтахабро барои ширкат дар Чемпионат тасдиқ кард. Ба ҳайати тим дар самбои варзишӣ Акмалиддин Каримов (-58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Деваштич Убайдӣ (-79кг), Зафар Олимшоев (-88кг), Бахтовар Замиров (-98) ва дар самбои размӣ Бобохон Мирзозода (-58кг), Сорбон Латипов (-64кг), Худоёр Раҷабов (-71кг), Сарвар Ҳотамбекзода (-88кг) шомиланд.
Рақобатҳо дар 21 категорияи вазн миёни занон – 50кг, 54кг, 59кг, 65кг, 72кг, 80кг, +80кг ва миёни мардҳо ва самбои размӣ – 58кг, 64кг, 71кг, 79кг, 88кг, 98кг, +98кг сурат мегиранд.
Хотиррасон мекунем, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се қаҳрамони ҷаҳон дар самбо Беҳрӯз Хоҷазода (2017), Хушқадам Хусравов (2018), Акмалиддин Каримов (2021) дорад.