Хет-трики Амад Диалло ба “МЮ” ғалаба овард

Дар доираи бозиҳои даври 21-уми Премйер-Лигаи Англия дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Саутгемптон” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олд Траффорд”-и шаҳри Манчестер дар ҳузури 73 722 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба суди тими мизбон анҷом ёфт.
Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 0 бар 1 ба фоидаи “Саутгемптон” анҷом ёфт. Дар дақиқаи 43-юми бозӣ дифоъгари “Манчестер Юнайтед” Мануэл Угарте муаллифи худгол шуд.
Дар нимаи дуюми бозӣ “Девҳои сурх” ба худ омада, ба дарвозаи “Саутгемптон” 3 гол заданд. Голҳоро Амад Диалло дар даҳаи охири бозӣ ба самар расониданд.
Ҳамчунин, Амад Диалло аввалин бозигарест, ки аз соли 2022 баъд аз Криштиану Роналду дар ҳайати "Манчестер Юнайтед" хет-трик кард.
Бо ин ғалаба дастаи “Манчестер Юнайтед” бо касби 26 имтиёз дар зинаи 12-ум аст. “Саутгемптон” бо 6 имтиёз дар зинаи 20-ум аст ва заифтарин дастаи имсолаи Премйер-Лига мебошад. “Ливерпул” бо 47 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа аст.