Хет-трики Роналду ғалабаи бузурги “Ал-Наср”-ро муқобили “Абҳа” таъмин намуд
Дар доираи бозиҳои даври 26-уми чемпионати Арабистони Саудӣ миёни дастаҳои “Абҳа” ва “Ал-Наср” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Абҳа гузашта, бо ҳисоби бузурги 0 бар 8 ба фоидаи “Ал-Наср” анҷом ёфт.
Дар қисми аввал қаҳрамони асосӣ дар ҳайати “Ал-Наср” ситораи португалӣ Криштиану Роналду буд. Криш дар қисми аввал хет-трик карда, ба Мане ва Ал-Сулайҳим ирсоли головар анҷом ёфт.
Дар оғози нимаи дуюми бозӣ Роналду, Мане ва Отавио иваз карда шуданд. Бо набудани бозигарони асосӣ ҳам дастаи шаҳри Риёз дар майдон фаъол буд ва боз се голи дигар ба самар расонид. Голҳоро Абдулраҳмон Ғариб ва Ал –Элевай (дубл) ба самар расониданд.
Пас аз ғалаба дастаи “Ал-Наср” бо касби 62 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот мавқеашро устувор кард. “Абҳа” бо 22 имтиёз дар зинаи 17-ум аст. “Ал-Ҳилол” бо 74 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот аст.