Хет-трики викинги навкору ҷавон “Боруссия Д”-ро натанҳо аз бохт наҷот бахшид...

Хет-трики викинги навкору ҷавон “Боруссия Д”-ро натанҳо аз бохт наҷот бахшид...

“Боруссия”-и Дортмунд дар даври 18-уми Бундеслигаи Олмон ба меҳмонии “Аугсбург”-и Аугсбург бо ҳайати азнавкардашудаи худ ҳозир гардида, бо касби 3 имтиёзи муҳим ба хонааш баргашт.
Бояд хотиррасон намуд, ки рақобат барои “Боруссия Д” наонқадар умедбахш оғоз гардида буд. Соҳибони майдон қисми аввалро ба нафъи худ ва бартарии як гол ба анҷом расонида, қисми дуввумро низ новобаста ба голи ҷавобии меҳмонон, ду маротиб гол ба самар расониданд ва Марко Ройсу ҳамдастагонашро ғамгин намуданд. Муаллифони голҳои соҳибони майдон Флориан Нидерлехнер (2 гол) ва Марко Рихтер гардиданд. Голи нахустини дортмундиҳоро Юлиан Брандт ба самар расонид. Баъдан ба майдон беҳтарин нишонзани Лигаи қаҳрамонҳои мавсим ва навкори ҷавони “Боруссия Д” Эрлинг Ҳоланди норвегитабор баромад. Ин вориси викингони скандинавӣ дар қисмати боқимондаи рақобат бо се голи задааш тавонист ғалабаи мушкили дастаи ҷадиди худро таъмин намояд. Ҷейдон Санчо низ бо як голи задааш саҳмгузори пирӯзии "занбӯрҳо"-и Дортмунд гардид.
 
Айни ҳол “Боруссия” бо касби 33 имтиёз ва баробарии имтиёзҳо бо “Бавария” ва “Шалке” мақоми 4-уми ҷадвалро соҳиб гардид.