Хет-трики Витиня ғалабаи “ПСЖ”-ро муқобили “Тоттенхэм” таъмин намуд
Бозии даври 5-уми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо миёни дастаҳои “ПСЖ” ва “Тоттенхэм” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Парк-де-Пренс”-и шаҳри Париж доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 3 ба фоидаи “ПСЖ” хотима ёфт.
Аз ҳайати “ПСЖ” ниммуҳофизатгари португалӣ Витиня хет-трик кард. Фабиан Руис ва Виллиан Пачо голҳои дигари “ПСЖ”-ро ба самар расониданд.
Рандал Коло-Муани дубл ва Ришарлисон голи дигари “Тоттенхэм”-ро марбути номи хеш карданд.
Барои “ПСЖ” ин ғалабаи чаҳорум дар мавсими имсолаи Лигаи чемпионҳо мебошад. “Тоттенхэм” бохти аввалро ба қайд гирифт. “ПСЖ” дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз дар зинаи дуюм аст. “Тоттенхэм” бо 8 имтиёз дар зинаи 16-ум маскан гирифтааст. “Арсенал” бо 15 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии мавсими ҷорӣ дар Лигаи чемпионҳо дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и Будапешт рӯзи 30-юми майи соли 2026 баргузор мешавад. “ПСЖ” қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа мебошад.