Холгер Руне аз ширкат дар сабқати “Мастерс”-и Синсиннати даст кашид

Холгер Руне аз ширкат дар сабқати “Мастерс”-и Синсиннати даст кашид

Собиқ ракеткаи 4-уми ҷаҳон ва айни ҳол мақомдори зинаи 99-уми раддабандии ATP Холгер Руне аз иштирок дар мусобиқаи “Мастерс”-и Синсиннатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз 13 то 23 август баргузор мешавад, даст кашид. Дар қуръакашии асосӣ, ҷои ӯро ракеткаи 63-юми ҷаҳон Даниел Мерида-Агилар аз Испания иваз мекунад.

Руне аз моҳи октябри соли 2025 бинобар осеби ҷиддӣ, ки ҳангоми мусобиқа дар Стокголми Шветсия бар зидди Уго Умберти фаронсавӣ гирифтааст, аз иштирок дар мусобиқаҳо берун мондааст.

Қаҳрамони феълии мусобиқа Синсиннати ракеткаи дуюми ҷаҳон Карлос Алкарас аз Испания мебошад. Ӯ қаблан аз ҳимояи унвони худ дар ин мусобиқа даст кашида буд, зеро аз ҷароҳати дасташ шифо меёбад.