Хона барои бозии мусовӣ ба дарвозабони тими миллии Ӯзбекистон

Дарвозабони тими миллии Ӯзбекистон Уткир Юсупов дар бозии даври 9-уми марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 муқобили АМА (0:0) бо сейвҳои олии худ дарвозаашро аз гол эмин нигоҳ дошт ба қаҳрамони миллӣ табдил ёфт. Маҳз ин мусовӣ кофӣ буд, ки Ӯзбекистон роҳхати таърихиро ба Ҷоми ҷаҳонии футбол соҳиб шавад. Инҷо саҳми дарвозабон Юсупов ногузир аст. Ба ҳамин хотир ӯ соҳиби хона ва мошин гардид.
Хуршид Тӯраев - соҳибкори маъруфи ӯзбек, ба Юсупови 34 сола як хона бо се утоқ дар маркази шаҳри Тошканд тӯҳфа кард. Хона бо таъмири замонавӣ ва таҷҳизоти зарурӣ пурра омодаи истиқомат мебошад.
Ҳамчунин, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳар як футболбоз ва аъзои тими мунтахаб мошини сабукрав барои роҳхати таърихӣ ба Ҷоми ҷаҳонии футбол инъом намуд.
Ин иқдом рамзи эҳтироми ҷомеа ба заҳмат ва фидокории варзишгарон аст.
Вақте варзиш миллатро муттаҳид мекунад ва талоши варзишгарон қадр карда мешавад, кишвар на танҳо пирӯзиҳо, балки эътимод ва ифтихори миллӣ низ ба даст меорад.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон имрӯз дар даври охири марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, бо қаҳрамони феълии Осиё тим миллии Қатар дар Тошканд андари майдони рақобат мешавад.