Хонандаи тоҷик Абдураҳмон Саидбеков дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиу — ҷитсуи бразилӣ ғолиб омад

Хонандаи тоҷик Абдураҳмон Саидбеков дар Қаҳрамонии  ҷаҳон оид ба ҷиу — ҷитсуи бразилӣ ғолиб омад

Хонандаи синфи 9-и Гимназияи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Абдураҳмон Саидбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуи бразилӣ (Absolute Championship of Brazilian Jiu-Jitsu — World Open Championship 2023) дар вазни 55 кг ғолиб омада, медали тиллоро сазовор гардид.

Абдураҳмон Саидбеков дар ин мусобиқа Тоҷикистонро дар байни 64 давлати ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуи бразилӣ аз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд.