Хорватия ба финали Лигаи миллатҳо баромад!
Дар бозии аввали даври нимниҳоии Лигаи миллатҳо мунтахабҳои Нидерланд ва Хорватия ба ҳам омаданд. Вохӯрии мунтахабҳо дар варзишгоҳи “Де Куйп”-и шаҳри Роттердам дар ҳузури 39 359 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 4 бар суди хорватиҳо анҷом ёфт.
Вақти асосии бозӣ мусовӣ 2 бар 2 ба поён расид ва футболбозони мунтахаби Хорватия дар вақти илова намудаи довар ба задани 2 голи дигар ноил гардида, музаффарият ба даст оварданд.
Нахуст мизбонон дар дақиқаи 34-уми бозӣ бо голи Мален Донйелл дар ҳисоб пешсаф шуданд. Футболбозони мунтахаби Хорватия дар қисми дуюм дар дақиқаи 55-ум бо голи Андрей Крамарич аз пеналти ҳисобро баробар карданд. Дар дақиқаи 72-юми бозӣ Марио Пашалич голи дуюми мунтахаби Хорватияро ба самар расонид ва дар ҳисоб дастаашро ба пешсаф кард. Ноа Ланг дар сониҳояи охири вақти иловагӣ дар дақиқаи 90+6 ба задани гол даст ёфт ва ҳисобро мусовӣ намуд.
Довар боз 30 дақиқаи дигар илова намуд то ғолиб мушаххас шавад. Дар вақти изофӣ футболбозони Хорватия муваффақ буданд. Бруно Петкович дар дақиқаи 98-ум ҳисобро 3 бар 2 ба нафъи Хорватия кард. Лука Модрич дар дақиқаи 116-ум аз пеналти гол зад ва ҳисобро 2 бар 4 ба нафъи Хорватия кард.
Ҳамин тавр, Хорватия ба финали мусобиқаи Лигаи миллатҳо роҳ ёфт. Дар финал Хорватия бо ғолиби ҷуфти Испания ва Италия бозӣ мекунад. Финали мусобиқа рӯзи 18-уми июн баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мунтахабҳои Португалия ва Фаронса ғолиби Лигаи миллатҳо гардида буданд.