"Хуҷанд" - барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021

"Хуҷанд" - барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021

Вохӯрии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар ҳузури 20700 тамошобин доир шуд. Дар ин рақобати ҳассос ғолиб дар вақти асосӣ муайян нашуд. Дар қисмҳои иловагӣ футболбозони "Хуҷанд" ба задани 2 гол даст ёфтанд. Голи якумро дар дақиқаи 105-ум Ҳоҷибой Зиёев ба самар расонид. Дар дақиқаи 117-ум Артём Сердюк голи дуюмро вориди дарвозаи "Истиқлол" сохт.   Бо ҳамин "Хуҷанд" ғолиби Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардид.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Финал

Истиқлол – Хуҷанд – 0:2

Голҳо: Ҳоҷибой Зиёев, 105 (0:1). Артём Сердюк, 117 (0:2).

9 декабр. Хучанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 20700 тамошобин.