“Хуҷанд” бидуни мушкили “Куктош”-ро мағлуб кард

“Хуҷанд” бидуни мушкили  “Куктош”-ро мағлуб кард

Рӯзи 21-уми июн дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бозии даври 11-уми Лигаи олӣ баргузор шуд, ки дар он «Куктош» дар майдони худ «Хуҷанд»-ро қабул кард. Дар ин бозӣ тими “Хуҷанд” бидуни мушкили бо ҳисоби 3 бар 0 зафар ёфт.

Голҳоро аз ҳайати “Хуҷанд” Исломҷон Тошпулатов дар дақиқаи 32-юм, Сергей Тсканян дар дақиқаи 60-ум ва Дени Далиев дар дақиқаи 87-ум ба самар расониданд.

«Куктош» пас аз бохти бузург аз «Эсхата» ин навбат аз «Хуҷанд» мағлуб шуд ва пас аз бохт директори даста - Нуралӣ Хоркашев иброз дошт, ки бо сабаби мушкилоти молӣ даста дигар наметавонад дар Лигаи Олӣ баромад намояд.

Пас аз ин ғалаба ҳоло “Хуҷанд” бо 19 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Куктош” бо 4 имтиёз дар зинаи охир аст. “Истиқлол” бо 27 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот мебошад.