“Хуҷанд” дар сафар беҳтар аз хона бозӣ мекунад

“Хуҷанд” дар сафар беҳтар аз хона бозӣ мекунад

Рӯзи 8-уми августи соли 2020 бо барпо шудани 3 бозӣ рақобатҳои марҳилаи дуюми Лигаи олии футболи кишвар шуруъ шуд. Дар яке аз ин бозиҳо дастаи “Душанбе 83” тими “Хуҷанд”-ро пазируфт. Дидори дастаҳо бо натиҷаи 2-1 ба суди меҳмонон хотима ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 11-ум ҳамлагари мизбонон Агблей Ҷонс кушод. Бо гузашти 10 дақиқа сарвони “уқобон” Фатҳулло Фатҳуллоев бо зарбаи олии худ аз ҳолати стандартӣ ҳисобро баробар намуд.

Дар ҷараёни қисми дуюми бозӣ тағйиротҳои Ҳаким Фузайлов дар дастаи “Хуҷанд” боис шуд, то даста ба пирӯзӣ расад. Бахтиёр Чориев ва Тоҳир Малодӯстов, ки ба ҷойи ҳамдастаҳои худ ба майдон омада буданд дар дақиқаи 76-ум бо кӯмаки ҳамдигар голи пирӯзиовари меҳмононро ба самар расонданд. Бахтиёр кӯмак кард то Тоҳир нахустин голи худро дар ҳайати “Хуҷанд” ба ҳадаф расонад. Ҳамин тариқ бозӣ байни дастаҳои “Душанбе 83” ва “Хуҷанд” бо ҳисоби 1-2 хотима ёфт.

Футболбозони шаҳри Хуҷанд ин мавсим дар рақобатҳои сафарӣ дар қиёс бо бозиҳои хонагии худ натиҷаи беҳтар нишон медиҳанд. Аз 6 бозии дар сафар доиркардаашон 5 пирӯзӣ ва 1 мусовӣ ба қайд гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки аз 4 бозии хонагӣ танҳо дар 2-тоаш зафар ёфта дар 2 бозии дигар шикаст хӯрданд. Инчунин онҳо чанд рӯз пеш дар майдони “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аз “Кӯктош” шикаст хӯрда тарки Ҷоми Тоҷикистон-2020 карданд.