Хуберт Гуркач пас аз шикаст додани қаҳрамони феълии мусобиқа бар Стефанос Тситсипас ҳам зафар ёфт

Хуберт Гуркач пас аз шикаст додани қаҳрамони феълии мусобиқа бар Стефанос Тситсипас ҳам зафар ёфт

Финалисти дукаратаи мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург”, ракеткаи чаҳоруми ҷаҳон, теннисбози юнонӣ Стефанос Тситсипас дар мусобиқаи силсилаи “Мастерс” дар шаҳри Синсиннатии ИМА ба таври ҳангомавӣ мағлуб шуд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Дар бозии даври сеюм Тситсипас бо ракеткаи 20-уми ҷаҳон Хуберт Гуркач аз Лаҳистон андари майдони рақобат гардид. Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 05 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 3:6, 4:6 ба фоидаи Хуберт Гуркач анҷом ёфт.

Ҳамакнун, дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқа Хуберт Гуркач бо ракеткаи 58-уми ҷаҳон – Алексей Попирин аз Австралия имрӯз сабқат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Синсиннати аз 14 то 20 –уми август идома мекунад. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати яккаса байни мардон 6,6 миллион долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамони феълии он Борна Коричи хорватӣ аст, ки аллакай дар мусобиқаи имсола аз Хуберт Гуркач ноком шуд.