Хубони тоҷик ба марҳилаи интихобии ҶО-2022 омода мешаванд

Хубони тоҷик ба марҳилаи интихобии ҶО-2022 омода мешаванд

Тими мунтахаби занони навраси Тоҷикистон, ки аз бозигарони то 17-сола иборат аст, омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оғоз кард.

Дастаи мунтахаби наврасони занонаи Тоҷикистон дирӯз ба ҷамъомади таълимиву тамринии шаҳри Турсунзода оғоз карданд, ки то 28 ноябр идома хоҳад кард. Ба ин ҷамъомади таълимиву тамриниӣ 25 бозигар - 3 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи занонаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ширкат меварзад. Дар даври аввал, ки аз 7 то 11 апрел баргузор мешавад, 32 даста ба 8 гурӯҳ тақсим мешаванд. Ғолибони гурӯҳ ба даври дуввум, ки 22-26 сентябр таъин шудааст, роҳхат мегиранд.

Баҳори соли оянда, дар Тоҷикистон давраи аввали мусобиқаҳои интихобии чемпионатҳои Осиё байни духтарони то 17-сола ва то 20-сола баргузор мешаванд.

Ҳайати дастаи занонаи наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Турсунзода:

Дарвозабонҳо: Муниса Гулова («Панҷшер»), Фараҳноз Холмуродова («Хатлон»), Таманно Икромзода («Навбаҳор»);

Муҳофизон: Таманно Буриева, Зулфия Ҳакимова (ҳама – «Зебонисо»), Шаҳноза Абдумуродова, Мафтуна Уразова (ҳарду – «Панҷшер»), Оишамоҳ Исокова («Равшан»), Фарзона Норматова («Спитамен»), Оиша Бутаева (ССШФКП), Нозанин Олимова, Руҳангез Қирғизбекова, Мафтуна Шанбиева (ҳама – «Зебо»), Сабрина Эрматова («Навбаҳор»);

Нимҳимоятгарон: Шукрона Устоева («Зебонисо»), Ганҷина Маҳмадалиева, Рамзия Маидова (ҳарду – «Зарнисор»), Шабнам Хилшоева («Зебо»), Шоҳсанам Хоҷиматова (ССШФКП), Ҷонона Назарова, Гулиноз Латипова (ҳарду – «Равшан»);

Ҳамлаварон: Фаришта Саидова («Зарнисор»), Умеда Ҷалилова («Чашма»), Тахминаи Баҳром («Панҷшер»), Рухшона Файзуллоева (ССШФКП).

Сармураббӣ – Тоҷиддин Наботов.