Хулиан Алварес дар Лигаи чемпионҳо рекорди нав гузошт
Ҳамлагари “Атлетико Мадрид” Хулиан Алварес ба рекорди нав дар Лигаи чемпионҳои УЕФА ноил гардид.
Тибқи маълумоти Opta Sports, Алварес зудтарин футболбози амрикоиҷанубӣ дар таърих шуд, ки ба нишони 25 гол дар ин мусобиқа расид — ӯ ин корро дар 41 бозӣ анҷом дод. Бо ин нишондиҳанда ӯ аз Лионел Месси пеш гузашт, ки барои 25 гол 42 бозӣ лозим дошт.
Дар бозии аввали нимниҳоӣ муқобили “Арсенал” Алварес аз пеналтӣ гол зада, ҳисобро баробар кард (1:1). Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Метрополитано” баргузор гардид.
Бозии ҷавобӣ байни дастаҳо рӯзи 5 май дар варзишгоҳи “Эмирейтс” доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ “Атлетико” бар “Барселона” бо ҳисоби умумии 3:2 ғолиб омад, “Арсенал” бошад “Спортинг”-ро бо натиҷаи 1:0 мағлуб карда буд.