Хулиан Араухо ба “Лас-Палмас” ба иҷора дода шуд
Ҳимоятгари дастаи “Барселона”- Хулиан Араухо ба “Лас-Палмас” ба иҷора дода шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳ.
Араухои 21-сола ба дастае гузашт, ки мавсими оянда дар Ла Лига бозӣ мекунад. Шартномаи иҷора то 30-юми июни соли 2024 эътибор дорад.
Ёдовар мешавем, ки "Барселона" Хулианро зимистони соли 2023 аз "Лос-Анҷелес Гэлакси" ба маблағи чаҳор миллион евро харида буд.