Хушхабар! Беҳрӯз Хоҷазода Гран При Тошкандро фатҳ кард

Хушхабар! Беҳрӯз Хоҷазода Гран При Тошкандро фатҳ кард

Беҳрӯз Хоҷазода ҷудочие, ки дар тамоми гетӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Ӯ бо зуру тавони хеш дар Гран При Тошканд бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, сазовори медали тиллои ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ шуд. Хоҷозада, дар даври аввал озод буда, Хоҷазода, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили Евгений Прокопчуки рус доир кард. Дар ин набард Беҳрӯз рақибро аз сари роҳаш дур карда, ба даври сеюм роҳ ёфт. Дар даври сеюм Эрик Ҳеми бритониро шикаст дод. Ҳамин тавр Беҳрӯз дар даври ¼ ниҳоӣ бо ҷудочии қазоқ Жансей Смагулов рақобат намуда, ҳарифро аз идомаи сабқатҳо маҳрум кард. Беҳрӯз дар даври нимниҳоӣ ҷудочии Шведсия – Томми Масиасро мағлуб намуда, ба финал роҳ ёфт. Хоҷазодаи шикастнопазир дар финал мизбони ин мусобиқа Тураев Ҳикматуллоҳро шикаст дода буд, нахустинбор дар корномааш сазовори нишони тиллоӣ Гран При гардид. Хоҷазода дар баробари қаҳрамон шуданаш инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ низ гардид.