Хушхабар! Дилшод Назаров узви Раёсати ичроияи Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) интихоб гардид

Хушхабар! Дилшод Назаров узви Раёсати ичроияи Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) интихоб гардид

Қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров ба хайси узви Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид.

Оиди интихобшавии қаҳрамони олимпӣ аз Тоҷикистон ба ин вазифаи пурмасъул президенти Шӯрои олимпи Осиё (OCA) Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ ба суроғаи Дилшод Назаров чунин мактуби табрикотӣ ирсол кардааст:

ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ

Назаров Дилшод, узви Раёсати ичроияи ОСА

Дӯст ва ҳамкори азиз,

Лутфан саломи беҳтарини шахсии маро қабул кунед ва мувофиқи салоҳияте, ки моддаи 19 ва 24 Конститутсияи OCA ба ман додааст, ман аз пешбарӣ кардани шахси неки шумо ба ҳайси узви Раёсати OCA барои солҳои 2023-2027 хеле хушҳолам.

Ман умедворам, ки бо шахсияти неки шумо барои пешбарӣ ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар Осиё ва таҳкими минбаъдаи дӯстии мо ҳамкорӣ кунам.

Умедворам, ки дар ояндаи начандон дур боз бо шумо вохӯрам.

Бо эхтироми самимӣ!

Шайх Талол Фаҳад Ас-Сабоҳ. Президент, OCA.