Хусрав Тоиров бо “Шахтёр” қаҳрамони Украина шуд!

Хусрав Тоиров бо “Шахтёр” қаҳрамони Украина шуд!

Ниммуҳофизатгари тими  олимпӣ ва мунтахаби Тоҷикистон - Хусрав Тоиров дар ҳайати «Шахтёр» дар натиҷаи ҷамъбасти мавсими имсола қаҳрамони Украина шуд.

Футболбозони дастаи “Шахтёр ” рӯзи якшанбе дар даври 29-уми чемпионати Украина бар «Днепр-1» бо хисоби 3 бар 0 ғалаба карда, пеш аз муҳлат соҳиби унвони қаҳрамонӣ  шуданд. Ин 14-умин унвони «Шахтёр» дар Украина аст.

Даста қаблан дар солҳои 2002, 2005, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2013, 2014, 2017, 2018, 2019 ва 2020 қаҳрамони  Украина шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Хусрав Тоиров моҳи марти соли равон ба «Шахтёр» гузашт ва аввалин бозиашро дар чемпионати Украина дар вохӯрӣ  бо «Лвов» (2:0) 16 апрел доир намуд.

Бояд гуфт, Хусрав Тоиров ба ҳайати ниҳоии тими миллии Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 20 июн дар Тошканд баргузор мешавад, ворид шудааст.

Ҳамакнун, дар мавсими оянда Хусрав бо дастаи “Шахтёр” дар Лигаи Чемпионҳои Аврупо баромад мекунад.