Хусрав Тоиров тариқи иҷора ба “Истиқлол” гузашт

Хусрав Тоиров тариқи иҷора ба “Истиқлол” гузашт

Нимҳимоятгари тими ҷавонони Тоҷикистон Хусрав Тоиров мавсими имсолаи футболро дар ҳайати «Истиқлол» ба таври иҷора мегузаронад. Дар ин бора расман бошгоҳи шаҳри Душанбе хабар дод.

Дастаҳои футболи «Шахтёр» ва «Истиқлол» созишномаи трансферӣ имзо карданд, ки тибқи он Хусрав Тоиров ба ҳайати қаҳрамони Тоҷикистон ба таври иҷора гузашт.

Созишномаи иҷора то 30 ноябри мавсими имсола эътибор дорад.

Хусрав Тоиров дар дастаҳои «Локомотив-Помир», «Динамо» ва «Атирау» (Қазоқистон) ҳунарнамоӣ кардааст.

Аз моҳи марти соли 2023 Хусрав Тоиров футболбози дастаи «Шахтёр»-и Украина буда, то соли 2028 бо ин тим шартнома дорад.