Хвича Кваратсхелия - беҳтарин бозигари Лигаи чемпионҳо дар мавсими 2025/26

Хвича Кваратсхелия - беҳтарин бозигари Лигаи чемпионҳо  дар мавсими 2025/26

Вингери гурҷистонии бошгоҳи “Пари Сен-Жермен” Хвича Кваратсхелия беҳтарин бозигари Лигаи чемпионҳои УЕФА дар мавсими 2025/26 дониста шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии УЕФА хабар дод.

Ҳамлагари 25-сола дар мавсими анҷомёфтаи Лигаи чемпионҳо ҳунарнамоии дурахшон нишон дода, дар маҷмӯъ ба задани 16 гол+ассист ноил гардид. Кваратсхелия 10 гол ба самар расонида, инчунин 6 партофти головар анҷом дод ва яке аз чеҳраҳои асосии муваффақияти бошгоҳи шаҳри Париж гардид.

Дар бозии финалӣ муқобили “Арсенал”, ки бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфта, “ПСЖ” дар силсилаи пеналтиҳо бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд, Хвича нақши муҳим бозид. Маҳз ӯ барои дастааш пеналтӣ кор карда гирифт ва Усмон Дембеле онро ба гол табдил дод.

Бозии устувор ва саҳми назарраси Кваратсхелия дар тамоми марҳилаҳои мусобиқа ба “Пари Сен-Жермен” имкон дод, ки барои соли дуюм пай дар пай соҳиби унвони қаҳрамони Лигаи чемпионҳои УЕФА гардад.

Ин аввалин бор аст, ки Хвича Кваратсхелия соҳиби ҷоизаи беҳтарин бозигари мавсими Лигаи чемпионҳо мешавад ва бо ин дастовард номи худро дар таърихи футболи Гурҷистон низ боз ҳам пуррангтар намуд.