Хвича: "Ман орзу дорам, ки "Тӯби тиллоӣ" –ро ба даст орам...”

Нимҳимоятгари тими “Наполи” - Хвича Кваратсхелия дар бораи номзадиаш ба “Тӯби тиллоӣ” изҳори назар кард.
"Ман фикр намекардам, ки ин имконпазир аст. Ин чизҳо шуморо эҳсосотӣ мекунанд, ки агар шумо худро комилан ба он чизе ки дӯст медоред, бидиҳед, ҳама чиз фоида меорад. Ман орзу дорам, ки рӯзе барои ба даст овардани "Тӯби тиллоӣ" номзади асосӣ бошам", иқтибос овардааст, аз суханони Хвича нашрияи AS.
Нимҳимоятгари 22-сола ба рӯйхати 30 довталаб барои дарёфти “Тӯби тиллоӣ-2023” шомил шуда, барои аввалин бор дар корномаи худ ба феҳристи довталабони ҷоиза ворид шуд.
Маросими супурдани "Тӯби тиллоӣ" рӯзи 30 –юми октябр дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта, Кваратсхелия дар ҳайати дастаи шаҳри Неапол дар 43 бозӣ ширкат карда, 14 гол ва 14 партофти головар кардааст.