Киҳо аллакай ба даври гурӯҳии Евро-2020 роҳ ёфтаанд?

Киҳо аллакай ба даври гурӯҳии Евро-2020 роҳ ёфтаанд?

Шанбеи 16-уми ноябр дар доираи бозиҳои даври 9-уми марҳилаи интихбии Евро-2020 якчанд бозӣ баргузор шуд. Баъди баргузории бозиҳо яккачинҳои Олмон, Ҳолланд, Хорватия ва Австрия роҳхати даври финалии Евро-2020-ро соҳиб шуданд. Қаблан тимҳои миллии Россия, Белгия, Италия, Полши, Испания, Украина, Туркия, Фаронса, Англия, Чехия, Шветсия ва Финляндия ба ин натиҷа даст ёфта буданд. Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Аврупо-2020 тобистони соли оянда дар 12 давлати аъзои Аврупо баргузор мешавад. Маросими қуръакашии даври гурӯҳии Евро-2020 санаи 30-юми ноябри соли 2019 дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор мешавад.