Кили Ҳоҷкинсон дар дав ба масофаи 800 м барои Британияи Кабир нишони тиллои Бозиҳои олимпиро соҳиб шуд

Кили Ҳоҷкинсон дар дав ба масофаи 800 м барои Британияи Кабир нишони тиллои Бозиҳои олимпиро соҳиб шуд

Варзишгари бритониёӣ Кили Ҳоҷкинсон дар дав ба масофаи 800 метр бо  натиҷаи 1:56,72 сония медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024-ро ба даст овард.

Тсиге Дугума аз Ҳабашистон аз пешсаф 0,43 тосония ақиб ба марра расид. Сегонаи беҳтаринҳоро қаҳрамони феълии ҷаҳон намояндаи Кения Мэри Мора бо натиҷаи 1:57,42 сония ишғол кард.

Дар Олимпиадаи соли 2020 дар Токиои Ҷопон Ҳоҷкинсон дар синни 19-солагӣ соҳиби медали нуқра гардида буд.

Бозиҳои олимпии Париж-2024

Варзиши сабук, дав ба масофаи 800 метр миёни бонувон

1.Кили Хоҷкинсон (Британияи Кабир) — 1.56,72.

2.Тсиге Дугума (Ҳабашистон) - 1.57,15.

3.Мэри Мора (Кения) — 1.57,42.

Ёдовар мешавем, ки 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 рӯзи 26-уми июл оғоз гардида то рӯзи 11-уми август идома меёбад.