Килиан Мбаппе аз қатор афтод

Килиан Мбаппе аз қатор афтод

Ҳамлавари фаронсавии дастаи «Пари Сен-Жермен» Килиан Мбаппе дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бо дастаи «Брюгге»-и Белгия захм бардошта, то фарҷом рақобатро идома дода натавонист. Сармураббии парижиҳо Маурисио Почеттино мегуяд, ки ҳамлавар аз соқи пояш осеб бардоштааст.

«Мбаппе дар рафти бозӣ аз соқи пояш захм бардошта, майдонро тарк кард. Имрӯз, пас аз муоинаи тиббӣ муҳлати барқароршавии саломатии ӯ маълум хоҳад шуд. Умед дорем, ки Килиан ба наздикӣ сиҳат мешавад», – иқтибос овардааст сомонаи L'Equipe аз  суханони Почеттино. 

Маврид ба ёдоварист, ки бозӣ байни дастаҳои «Пари Сен-Жермен» ва «Брюгге» бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт.