Класикои футболи Фаронса мусовӣ анҷом ёфт

Класикои футболи Фаронса мусовӣ анҷом ёфт

Дар бозии даври 20-уми Лига 1-и Фаронса “ПСЖ” дар майдони худ бо “Монако” рақобат кард. Дидор бо натиҷаи мусовии 3:3 анҷом ёфт.

Голи аввалро дар дақиқаи 3-юми бозӣ Неймар ба самар расонид. То дақиқаи 13-ум “Монако” тавонист бо кӯшиши Мартинш ва Бен Йеддер ҳисобро баробар кунад ва ҳатто ба пеш барояд. Дар дақиқаи 24-ум бошад, ҳимоятгари “Монако” Фоде Балло-Туре тӯбро ба дарвозаи худ равон карда, ҳисобро баробар кард. Пеш аз баромадан ба танаффус Неймар тавонист пеналтиро бе хато иҷро карда, дастаашро ба пеш барорад. Нуқтаи ниҳоии бозиро ҳамлагари меҳмонон Ислом Слимани гузошт. Ӯ бо голи задаи худ ҳисобро баробар кард ва ба дастааш дар бозии муҳим як имтиёз овард.

“ПСЖ” бо касби 46 имтиёз садрнишини ҷадвали чемпионати Фаронса аст. “Монако” бо 29 имтиёз дар ҷойи 8-ум қарор дорад.