“Кливленд” ғалабаи 15-уми пайиҳамро ба даст овард
Бозии мавсими муқаррарии Ассотсиатсияи миллии баскетбол ба охир расид, ки дар он дастаҳои «Кливленд Кавалйерс» ва «Шарлотт Хорнетс» бозӣ карданд. Вохӯрии ин ду даста дар шаҳри Кливленд дар варзишгоҳи «Рокет Мортгеҷ Филдхаус » баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 128:114 анҷом ёфт.
Бозиигари сермаҳсул дар ҳайати тими ғолиб Дориус Гарланд буд, ки 25 хол гирифт. Аз ҳайати тими меҳмон беҳтарин бозигар ЛаМело Болл буд, ки дуб-дабл бо 31 хол ва 12 ассист ба даст овард.
Ҳамин тариқ, “Кливленд” 15-умин пирӯзии худро дар мавсими муқаррарӣ ба даст овард. “Шарлотта” дар чор бозии охираш ба шикасти сеюмаш дучор шуд.