Клопп: “Ливерпул” барои қаҳрамонӣ талош надорад

Клопп: “Ливерпул” барои қаҳрамонӣ талош надорад

Сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп дар бораи бохт аз дастаи “Бёрнли” (0-1) изҳори назар кард.
 “Ман барои ин бохт ҳама масъулиятро ба дӯш мегирам. Мо тӯбро бисёр идора мекардем, якчанд имконият фароҳам овардем, аммо натавонистем гол занем. Ин шикасти сахт барои футболбозони “Ливерпул” аст. Агар чизе натиҷа надиҳад, шумо бояд бештар, бештар ва бештар кӯшиш кунед. Ҳоло сухан дар бораи айби касе намеравад. Мо бояд мушкилотро якҷоя ҳал кунем, ки ин корро хоҳем кард. Худи ҳозир мо барои қаҳрамонӣ талош намекунем ва “Ливерпул” дар пойгаи қаҳрамонӣ иштирок надорад”, - иқтибос меорад Клоппро “BBC”.