Клопп: Жота ҳанӯз сиҳат нашудааст

Клопп: Жота ҳанӯз сиҳат нашудааст

Сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп дар бораи раванди барқароршавии ҳамлагар Диогу Жота хабар дод.
"Диогу ҳанӯз аз ҷароҳати худ барқарор нашудааст ва барои ба тамринҳои гурӯҳӣ баргаштан чанд ҳафта мондааст. Баргашти Диогу дар як ё ду ҳафтаи оянда ба вуқӯъ нахоҳад омад", - гуфт Клопп дар суҳбат бо “Sky Sports”.
Дар мавсими ҷории Премйер-лигаи Англия Диогу Жота нӯҳ бозӣ гузаронида, дар онҳо чор гол задааст.