Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” дар лигаи минтақавии ҷудо ширкат мекунад

Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” дар лигаи минтақавии ҷудо ширкат мекунад

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон тими Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф”-ро барои ширкат дар Лигаи минтақавии ҷудо ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафарбар менамояд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.

Лигаи минтақавии ҷудо дар се марҳила баргузор хоҳад шуд. Мусобиқаи аввал 8 апрел дар маҷмааи ССКА-и Москва доир мегардад. Марҳилаи дуюм дар ҳамин маҷмаа 6-уми май, марҳилаи сеюм 8-уми июл ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳайати тими Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” 8 варзишгар Фирӯз Мелибойзода, Обил Ҷебов (-66 кг), Мирзоҷамил Рамазонов, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Курбан Кудиев (-81 кг), Мирзо Шукориев, Акмал Муродов (-90 кг), Ҳақназар Назаров (-90 кг), Шакармамад Мирмамадов (+90 кг) шомил шудаанд.

Умуман, дар марҳилаи аввали мусобиқа 24 клуб ширкат мекунанд, 8 клуб кишварҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Белорус, Тоҷикистон, Эрон, Сербияро намояндагӣ мекунанд.

Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ се дастаи беҳтарин ба даври дуюм роҳхат мегиранд. Дар даври дуюм ғолибони чемпионати Россия миёни клубҳо ҳамроҳ мешаванд: "Явара-Нева", "Ахмат", "Локомотив" (Налчик), "Урал - Западная Сибир".