КМВА футболбози нав харид

КМВА футболбози нав харид

Ниммуҳофизатгар Сайёди Ковусшо ба дастаи КМВА пайваст, иттилоъ медиҳад саҳифаҳои расмии даста дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Дар мавсими 2020-и Лигаи олӣ Сайёди Ковусшо дар ҳайати “Файзканд” ҳунарнамоӣ кард. Бояд қайд кард, ки Сайёди Ковусшо аз рӯи ҳисоб ҳафтум бозигари нави КМВА пеш аз оғози мавсими нав ба ҳисоб меравад. Қаблан “артишиҳо” гузаришҳои Идрис Амину, Элчибек Рашидбеков, Холмурод Назаров, Комрони Мирзонаҷот, Азам Муродов, Ҷонибек Шарипов ва Беҳруз Хайриевро эълон карданд.