КМВА пешгоми ҷадвали Лигаи олӣ пас аз даври дуюм

КМВА  пешгоми ҷадвали Лигаи олӣ пас аз даври дуюм

Бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. Дар ин давр 14 гол ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба даври гузашта як гол бештар аст. Дар ин давр 3 корти сурх ҳам ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба даври гузашта як корти сурх камтар аст. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар ҳама бозиҳои системаи VAR кор кард ва шабакаҳои “Варзиш” ва “Футбол” мустақиман бозиҳоро намоиш доданд.

Дар бозии аввали даври дуюм “Эсхата” ва “Равшан” андари майдони рақобат шуданд. “Равшан” пас аз мусовии даври аввал бо “Истаравшан” (1:1) ва “Эсхата” пас аз бохти даври аввал аз “Вахш” (3:1) бозии сахту сангинеро доир карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди “Эсхата” анҷом ёфт. Ягона голро дар дақиқаи 83-юм Асадбек Маҳмудов марбути номи хеш кард. Диёрбек Шавкиев дар дақиқаи 68-ум аз ҳайати “Эсхата” корти сурх гирифт ва “бонкдорон” 10 нафара пирӯзӣ ба даст оварданд. Ин аввалин ғалабаи “Эсхата” буд. “Равшан” то ҳанӯз зери роҳнамоии мутахассиси маъруфи рус Дмитрий Черишев пирӯз нашудааст.

Дар бозии марказии давр “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” бозӣ карданд. “Истиқлол” бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯзӣ ба даст оварда, ғалабаи дуюмашро ба қайд гирифт. “Металлургчиён” бохти аввалро ба қайд гирифтанд. Содиқҷон Қурбонов ва Манучеҳр Ҷалилов аз ҳайати “Истиқлол” голҳоро ба самар расониданд. Эммануэл Фримпонг аввалин голи “Регар-ТадАЗ”-ро дар ин мавсим дар ҳамин бозӣ зад. Ҷозеф Окоро дар ҳайати “Истиқлол” дар дақиқаҳои иловагии довар ба вақти асосӣ корти сурх гирифт.

“Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ дар аввалин иштирок дар Лигаи олӣ ҳангома меофарад. Пас аз пирӯзӣ дар даври аввал бар “Панҷшер” (2:0) ин навбат тими ноҳияи Восеъ бар “Истаравшан” бо ҳисоби 1 бар 0 зафар ёфт. Ҷаъфар Исмоилов дар дақиқаи 88-ум ягона голи бозиро ба самар расонид.

Дар бозии дигари марказӣ “Хуҷанд” бо “Вахш” дидор анҷом доданд. “Палангон”-и водии Вахш дар ин бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 “Уқобон”-и соҳили Сирро шикаст доданд. Голҳои “Вахш”-ро Сиёвуш Асроров ва Дмитрий Билоног ба самар расониданд. Давронҷон Эргашев аз зарбаи ҷаримавӣ голи зебо зад, ки ин ягона голи тими “Хуҷанд” дар ин бозӣ буд. Дар дақиқаи 90+3-юм Артём Сердюк аз ҳайати “Хуҷанд” корти сурх гирифт. Ин дуюмин ғалабаи “Вахш” буд. “Хуҷанд” бохти дуюмро ба қайд гирифт.

“Панҷшер” дар бозӣ бо КМВА бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб шуд. Дастаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ то ҳанӯз дар мавсими нави Лигаи олӣ ба дарвозаи рақибон гол зада наметавонад. “Артишиҳо” ғалабаи дуюмро ба қайд гирифтанд. Голҳоро дар ин бозӣ Ҷонибек Шарипов, Шаҳбоз Ҳабибов ва Лукас Кевин аз ҳайати тими ғолиб заданд.

Бозии охири давр миёни ду тими мағлубшудаи даври аввал “Ҳосилот” ва “Барқӣ” доир шуд. Дар ин бозӣ тими “Барқчӣ” бо ҳисоби 3 бар 0 ғалабаи боврибахш ба даст овард. Азизбек Далиев, Фредрик Асанте ва Меҳрубон Ҳамидов голҳои тими “Барқчӣ”-ро дар ин бозӣ зада аввалин ғалабаи дастаро дар мавсими нави Лигаи олӣ таъмин намуданд.

Ҳамин тавр, пас аз даври дуюм дастаи КМВА бо касби 6 имтиёз ва таносуби тӯбҳо пешгом аст. “Вахш”, “Ҳулбук” ва “Истиқлол” ҳам 6 имтиёзӣ доранд ва мутаносибан дар зинаҳои баъӣ маскан гирифтаанд. “Хуҷанд”, “Ҳосилот” ва “Панҷшер” то ҳанӯз имтиёз надоранд ва дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқа маскан гирифтаанд.



Натоиҷи бозиҳои даври 2

“Эсхата” 1:0 “Вахш”

“Истиқлол” 2:1 “Регар-ТадАЗ”

“Ҳулбук” 1:0 “Истаравшан”

“Хуҷанд” 1:2 “Вахш”

“Панҷшер” 0:3 КМВА

“Ҳосилот” 0:3 “Барқчӣ”

Бозиҳои даври 3

28 март

КМВА – “Ҳулбук”

“Барқчӣ” – “Панҷшер”

“Истаравшан” – “Эсхата”

29 март

“Вахш” –“Регар-ТадАЗ”

“Истиқлол” –“Ҳосилот”

“Раван” –“Хуҷанд”