КМВА пешсафиро дар Лигаи олӣ идома медиҳад

КМВА пешсафиро дар Лигаи олӣ идома медиҳад

Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. КМВА-и шаҳри Душанбе пешсафиро пас аз даври ҳафтум низ идома медиҳад. Дар ин давр мо шоҳиди 20 гол гардидем, ки 8 гол нисбат ба даври гузашта, бештар мебошад.

Бо бозии дастаҳои “Барқчӣ” ва “Регар-ТадАЗ” даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оғоз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 1 ба суди тими шаҳри Турсунзода хотима ёфт. Ягона голи тими “Барқчӣ”-ро Меҳрон Мадаминов ба самар расонид. Голҳои “металургчиён”-и шаҳри Турсунзодаро Абоммо, Шерзод Муҳаммадиев, Амирҷон Сафаров ва Нозим Бобоҷонов ба ҳадаф расониданд. Шерзод Муҳаммадиев аз ҳайати “Регар-ТадАЗ” беҳтарин бозигари дидор дониста шуд.

Дар бозии дигари давр “Парвоз” дар баробари “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо ҳисоби 2 бар 0 зафар ёфт. Дар дерби дубли Квекудуан Даниел ғалабаи тими “Парвоз”-ро таъмин намуд. Квекудуан Даниел аз ҳайати “Парвоз” беҳтарин бозигари дидор эътироф шуд.

Рустам Хоҷаев бо “Сардор” дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” -и шаҳри Хуҷанд дар баробари “Эсхата” бо ҳисоби 4 бар 3 ноком шуд. Рихсибоев, Самандар Қодиров (дубл) ва Худойдодов голҳои “Эсхата”-ро ба самар расониданд. Голҳои “Сардор”-ро Азимов, Абубакр Сулаймонов ва Хушвахтов заданд. Самандар Қодиров аз ҳайати “Эсхата” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор дастаҳои “Ҳосилот” ва “Равшан” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди “Ҳосилот” анҷом ёфт. Ягона голи бозиро Салоҳиддин Иргашев марбути номи хеш кард ва беҳтарин бозигари дидор эътироф шуд.

КМВА ва “Истаравшан” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди КМВА хотима ёфт. Комрони Мирзохон ва Вайсиддин Сафаров голҳоро тими шаҳри Душанберо ба ҳадаф расониданд. Ягона голи “Истаравшан”-ро Файзиев марбути номи хеш намуд. Вайсиддин Сафаров аз ҳайати КМВА беҳтарин бозигари дидор дониста шуд.

Дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дастаҳои “Вахш” ва “Истиқлол” дидор анҷом доданд. Бозии марказии давр бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт. Рустам Соиров ва Содиқҷон Қурбонов аз ҳайати “Истиқлол” муаллифи голҳо шуданд. Рустам Соиров аз ҳайати “Истиқлол” беҳтарин бозигари дидор эътироф гардид.

Пас аз анҷоми бозиҳои даври ҳафтум дастаи КМВА бо 16 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Истиқлол” бо 15 имтиёз дар зинаи дуюм, “Регар-ТадАЗ” бо 14 имтиёз дар зинаи сеюм ва “Ҳосилот” бо 11 имтиёз чаҳоргонаи беҳтаринҳоро дар ҷадвали мусобиқа пур мекунанд. “Сардор” бо 5 имтиёз ва “Истаравшан” бо 3 имтиёз дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқа қарор доранд.


Тақвими бозиҳои даври 8-уми Лигаи олӣ

8 май | 18:00

“Регар-ТадАЗ” – “Эсхата”

“Хосилот” – “Хуҷанд”

9 май | 18:00

“Равшан” – “Истаравшан”

“Парвоз” – “Вахш”

10 май | 18:00

“Сардор” – КМВА

“Истиқлол” – “Барқчӣ”