Колумбия бар Уругвай зафар ёфта, ба финали Ҷоми Амрико -2024 роҳ ёфт

Колумбия бар Уругвай зафар ёфта, ба финали Ҷоми Амрико -2024 роҳ ёфт

Бозии дуюми марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Амрико-2024 миёни дастаҳои мунтахаби Уругвай ва Колумбия ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи "Банк оф Америка" ​​–и шаҳри Шарлотти ИМА баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи Колумбия анҷом ёфт.

Голи ягонаро дар ин вохӯрӣ ҳамлагар Ҳефферсон Лерма дар дақиқаи 39-ум ба самар расонд. Ба ӯ Хамес Родригес ирсоли головар анҷом дод. Дар вақти изофии қисми аввал ҳимоятгари тими миллии Колумбия Даниел Мунйос барои гирифтани ду корти зард аз майдон хориҷ шуд.

Ҳамин тариқ, Колумбия ба финали Ҷоми Амрико-2024 баромад ва дар он бо тими миллии Аргентина бозӣ мекунад.Вохӯрии дастаҳо субҳи 15-уми июл дар Майами доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Аргентина барандаи феълии Ҷоми Амрико мебошад. Даста дар мусобиқае, ки соли 2021 дар Бразилия баргузор шуда буд, ғолиб омад. Дар финал Аргентина ба шарофати голи Анхел Ди Мария бар Бразилия бо ҳисоби минималии 1:0 пирӯз шуда буд.