Колумбия бар Ӯзбекистон ғолиб омад, Файзуллоев голи таърихӣ зад
Дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол мунтахаби Колумбия бар тими миллии Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Вохӯрӣ рӯзи 18 июн дар варзишгоҳи “Эстадио Банорте”-и Мексика баргузор гардид ва бо бартарии намояндагони Амрикои Ҷанубӣ анҷом ёфт.
Дар ҳайати мунтахаби Колумбия голҳоро Луис Диас, Даниэл Мунйос ва Хаминтон Кампас ба самар расониданд. Аббосбек Файзуллоев ягона голи Ӯзбекистонро ба самар расонид. Ин гол барои мунтахаби Ӯзбекистон аҳамияти махсус дорад, зеро он аввалин голи таърихи ин кишвар дар марҳилаи ниҳоии Чемпионатҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ин мусобиқа Ӯзбекистон бори аввал дар таърихи худ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтааст.
Бо ин пирӯзӣ мунтахаби Колумбия бо се имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи “K” қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ инчунин мунтахабҳои Португалия ва Ҷумҳурии Демократии Конго ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бо вуҷуди шикаст, мунтахаби Ӯзбекистон дар нахустин бозии худ дар Чемпионати ҷаҳон нишон дод, ки метавонад дар сатҳи баланд рақобат кунад ва голи таърихии Аббосбек Файзуллоев ҳамчун як саҳифаи нави футболи ӯзбек дар таърих сабт хоҳад шуд.