Комиссияи ФФТ аз корҳои омодагӣ дар варзишгоҳҳои «Равшан» ва «Ҳосилот» боздид намуданд

Комиссияи ФФТ  аз корҳои омодагӣ дар варзишгоҳҳои «Равшан» ва «Ҳосилот» боздид намуданд

Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов бо корҳои омодагии дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум ба мавсими нави футбол шинос мешавад.

Дирӯз гурӯҳи кории ФФТ аз бошгоҳҳои «Равшан» (Кӯлоб) ва «Ҳосилот» (Фархор) дидан намуда, бо корҳои омодагии онҳо ба мавсими соли 2023 шинос шуд.

«Равшан»-и Кӯлоб имсол барои чаҳорумин бор дар таърихи худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард. Даста аллакай варзишгоҳро ба мавсими нав омода карда истодааст. Роҳбарияти «Равшан» тасмим гирифт, ки бозиҳои хонагии худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023 дар Кӯлоб баргузор кунад. Аммо дар ҳоли ҳозир Варзишгоҳи марказии Кӯлоб ба меъёрҳои зарурии баргузории бозиҳо таҳти сарпарастии КФО ҷавобгӯ нест. Роҳбарияти бошгоҳ ба гурӯҳи кории комиссия ваъда дод, ки камбудиҳо дар варзишгоҳи Кӯлоб бартараф карда мешаванд.

Комиссияи ФФТ ҳамчунин аз бошгоҳи футболи «Ҳосилот», ки пас аз танаффуси панҷсола ба лигаи олӣ баргашт, дидан кард. Гурӯҳи корӣ бо вазъи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор шинос шуд, ки дар инҷо ҳанӯз корҳои аграрӣ бо суръати суст ҷараён доранд.

Дар натиҷаи боздид комиссия барои бартараф кардани камбудиҳо ба дастаҳои «Равшан» ва «Ҳосилот» то оғози мавсими нав муҳлат дод.





Сарчашма: Федератсияи футболи Тоҷикистон