Комиссияи ФФТ оид ба литсензиякунонии дастаҳо вазъи “Истиқлол”-ро мавриди тафтиш қарор дод

Комиссияи ФФТ оид ба литсензиякунонии дастаҳо вазъи “Истиқлол”-ро мавриди тафтиш қарор дод

Дар арафаи мавсими нав гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба литсензиякунонии бошгоҳҳо бо сардории ноиби президенти ФФТ - Алишер Урунов омодагии дастаҳоро ба лигаҳои олӣ ва якум тафтиш менамояд.

Комиссияи литсензиякунонии ФФТ, ки аз мутахассисони соҳаҳои гуногуни футбол иборат аст, дирӯз, 1-уми март, вазъи қаҳрамони 9-каратаи Тоҷикистон бошгоҳи “Истиқлол”-ро аз назар гузаронд.

Дар рафти марҳилаи якуми литсензиякунонӣ комиссияи ФФТ ҳуҷҷатҳои дастаро вобаста ба иҷроиши талаботҳои низомнома дар бахшҳои варзишӣ, зербунёдӣ (инфрасохторӣ), кадриву маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ мавриди тафтиш қарор дод.

Қайд менамоем, ки соли сеюм пайиҳам “Истиқлол” ҳамаи марҳилаҳои литсензиякунониро барои иштирок дар Лигаи Чемпионҳои КФО муваффақона паси сар менамояд. Имсол “Истиқлол” аввалин бор дар марҳилаи гурӯҳии муҳимтарин мусобиқаи бошгоҳии Осиё баромад мекунад.