Комиссияи литсензиякунонии ФФТ сафари корӣ ба шаҳри Ҳисору ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Восеъ анҷом дод

Комиссияи литсензиякунонии Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноибони президенти Федератсия, Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва дигар мутахассисони соҳавӣ аз раванди омодагии клубҳои Лигаҳои олӣ, якум, футзал, бонувон ва футболи кўдакону наврасон барои мавсими футболи соли 2025, тибқи тартиб аз санаи 9 январи соли равон, корро шуруъ намуд.
Боиси зикр аст, ки ҳадаф аз кори комиссия, мутобиқнамоии фаъолияти клубҳо ва дастаҳо ба меъёрҳои молиявӣ, инфрасохторӣ ва варзишӣ ба шумор рафта, ҷиҳати омодагии пурра ва иштироки фаъол дар мавсими футболи соли 2025, ба ҳисоб меравад.
Ба ин тартиб, комиссияи мазкур санаи 9 январи соли ҷорӣ аз ноҳияи Восеъ боздид ба амал оварда, бо раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода вохўрии судманд анҷом дод. Дар рафти суҳбат бо раиси ноҳия масъалаҳои меҳварӣ дар футболи клубӣ, яъне таъминоти молиявии клуби футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, ки роҳхат ба ҳайати дастаҳои Лигаи олиро дар мавсими футболи соли 2025 ба даст овард, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Аз ҷониби раиси ноҳия масъалаи дастгирии молиявии КФ «Ҳулбук»-и Восеъ яъне харҷномаи даста тасдиқ гардида, таъкид намуданд, ки дар мавсими соли 2025 клуб барои иштироки фаъол ва мунтазам дар мавсими футболи соли 2025 мушкилоти молиявӣ нахоҳад дошт.
Ҳамзамон, ҳайати Комиссия аз варзишгоҳи навбунёд дар ноҳияи Восеъ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидаистодааст, дидан намуда, тамоми талаботи низомномавӣ барои баргузории бозиҳои хонагии КФ «Ҳулбук» дар варзишгоҳи мазкур, ба масъулин ва намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, инчунин намояндагони КФ «Ҳулбук» гуфта дода шуд. Аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ таъкид гардид, ки дар варзишгоҳи мазкур корҳои таъмиру тармим ва дигар корҳои ободонӣ ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи ҷорӣ барои баргузории бозиҳои Лигаи олӣ давом дорад ва то оғози рўзҳои иди Наврўз бояд ба итмом расад.
Таъкид гардид, ки дар сурати пурра омода нагардидани варзишгоҳи мазкур дар муҳлати пешбинигардида, Клуби футболи «Ҳулбук»-и Восеъ яке аз варзишгоҳҳои ҷавобгў дар ҳудуди вилоятро барои баргузории бозиҳои хонагии худ барои мавсими 2025, иҷора менамояд.
Инчунин, аз ҷониби Комисияи литсензиякунони ҷиҳати дастгирии молиявӣ ва иштироки фаъоли Клуби футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, дар ҳайати дастаҳои Лигаи дуюми вилоят таъкид карда шуд, ки дар навбати худ Ҷамшед Шарифзода иброз намуданд, ки барои иштироки даста ва фаъолияти самараноки он дар Лигаи дуюм дар соли 2025, шароитҳои молияву моддиро муҳайё менамоянд.
Санаи 14 январи соли равон, Комиссияи мазкур озими ноҳияи Рўдакӣ шуд. Дар ҷараёни мулоқот бо раиси ноҳияи Рўдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода вазъи молиявӣ ва инфрасохтори варзишии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин, иштироки фаъоли дастаҳои футболи «Куктош» ва «Рангон»-и ноҳия дар Чемпионат ва мусобиқаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд. Аз ҷониби раиси ноҳия, масъалаи таъминоти молиявии муассисаи давлатии клуби футболи «Рангон»-и ноҳияи Рўдакӣ, ки роҳхат ба ҳайати дастаҳои Лигаи якумро дар мавсими футболӣ соли 2025, ба даст овард, ҷонибдорӣ ёфта, масъалаи дастгирии молиявии Ташкилоти ҷамъиятии клуби футболи «Куктош» дар мавсими футболи соли ҷорӣ, бинобар маҳдуд будани имкониятҳои молиявии ноҳия, дастгирии молиявӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ имконнопазир аст.
Ҳамзамон, комиссия санаи 15 январи соли ҷорӣ бо раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор мулоқоти судманд атрофи масъали футболи шаҳр анҷом дод. Вохўрӣ дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Ҳисор доир гардид. Комиссия масъалаи насби намолавҳа ва системаи рушноидиҳӣ дар варзишгоҳро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби раис пазируфта шуда, ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас ва саривақти ҷиҳати харидори ва насби намолавҳа ва системаи рушноидиҳи дода шуд.
Инчунин, дар қатори масъалаҳои умдаи футболи клубӣ таъминоти молиявии Клуби футболи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор, барои мавсими соли 2025, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси шаҳр барои дастгирии молиявӣ, таҳияи буҷети солонаи клуб дар соли 2025 ва омода намудани варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Ҳисорро ба масъулини соҳа супоришҳои саривақти дода, таъкид намуданд, ки ба клуб дар мавсими навбатӣ барои иштироки фаъол ва мунтазам тамоми шароитҳои молиявӣ ва инфрасохторӣ таъмин мегардад.