Комрон Турсунов дастаашро иваз кард

Комрон Турсунов дастаашро иваз кард

Ҳамлагари бошгоҳи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд Комрон Турсунов тарки даста намуд. Комрон фаъолияти варзишиашро дар Лигаи Ҳиндустон идома хоҳад дод. Ёдовар мешавем, ки аз соли 2019 то 2021 Комрон дар "Ай-Лига”   дар ҳайати дастаи Труа бозӣ карда, ба номи худ рекорди лигаро низ ба сабт расонидааст.

Ба сафи “уқобҳо” бошад Комрон Турсунов  августи соли 2021  пайваста буд. Ӯ дар ҳайати “Хуҷанд” барандаи медали нуқраи Лигаи Олии кишвар гардид. Акнун ӯ корномаи варзишиашро дар Ай-Лига идома медиҳад. Чи тавре ки агенти худи Комрон Александр Гарини хабар медиҳад, ӯ аллакай бо бошгоҳи “Раҷастан Юнайтед” шартнома ба имзо раоснидааст. Комрон аллакай таҷрибаи дар Лигаи Ҳиндустон бозӣ карданро дорад. Ӯ дар соли 2019 то 2020 дар ҳайати тими “Моҳун Баган” ҳунарнамоӣ карда, дар 8 бозӣ муаллифи 2 гардидааст. Аз соли 2020 то соли 2021 пироҳанҳои бошгоҳи “Трау”-ро ҳимоя намуда,  дар 13 бозӣ 6 гол ба самар расонидааст. Комрон дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон низ аз соли 2018 баромад карда, ба задани 6 гол низ даст ёфтааст.