Комроншоҳ “Asia-Oceania Senior Championships”-ро бо ғалаба оғоз кард

Комроншоҳ “Asia-Oceania Senior Championships”-ро бо ғалаба оғоз кард

Имрӯз, 8-уми апрел дар шаҳри Бишкек мусобиқаи Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Senior Championships) дар ҳоли баргузорист, ки дар рӯзи сеюми мусобиқаи зикршуда, Комроншоҳи Устопириён-90кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов-90кг рӯи татамӣ баромаданд. Комроншоҳ дар даври аввали ин чорабинӣ бо ҷудочии туркман - Шатлик Тораев неру санҷид. Дар ин дидор Комроншоҳ бо гирифтани ду «ваза-ари» ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Дар даври оянда Устопириён бо ғолиби ҷуфти Ҷандриев Шермуҳаммад (Ӯзбекистон) – Бозбаев Ислом (Қазоқистон) набард мекунад. Ҷудочии дигари ин вазн Ҷаҳонгир Маҷидов дар рақобати аввали хеш аз дасти ҷудочии ӯзбек – Бобонов Давлат шикаст хурда, аз идомаи чорабинӣ маҳрум шуд.